Cаҳмияҳо (Акцияҳо)
Хариди саҳмияҳо (ба таври худкор) шуморо соҳиби тиҷорат месозад. Албатта, танҳо харидани саҳмияҳои ширкатҳои хеле калон, ки муддати тӯлонӣ дар бозор «зиндагӣ» мекунанд ва пайваста фоида ба даст меорард.Чаро саҳмияҳоро харидори мекунанд?
Шумо метавонед як блоки саҳмияҳоро барои иштирок дар идоракунии ширкат харед. Чи гунае, ки қайд кардем ҳангоми харидани саҳмияҳо шуммо соҳиби ширкат мешавед, бо меъёри харидаи саҳмияҳоятон. Аммо аксар вақт онҳо барои ба даст овардани даромад харида мешаванд. Тавассути дивидентҳо ё аз сабаи афзудани нарх.ДИВИДЕНТҲО
Дивидент – пардохт кардани қисме аз даромади ширкат ба сармоягузорон. Сумаи пардохти дивидентҳо вобаста аст аз сиёсати ширкатҳо. Дар қисмати дивидентҳо нишон дода шудааст муҳлати пардохт – як маротиба дар як сол, ҳар шаш моҳ пас ва ҳар квартал(3 моҳ).Дивиденҳои калон
Дар хотир гиред! Чи қадаре ки даромад зиёд бошад ҳамон қадар риск зиёд аст ва баръакс. Но на ҳама вақт! Дар авал бояд бо ширкат хуб шинос шуд, фаҳмид ки чи гуна рафтаистодаанд корҳояш. Дар кадом ҳолат сатҳи молиявии ширкат қарор дорад ва ғайраҳо. Дар қисмҳои дигар маълумоти бештар меёбед оиди харидани саҳмияҳо. Гап дар бораи ширкатҳое меравад, ки пардохти дивидентҳояшон аз ҳад зиёд аст. Ширкати «Лензолото» дар соли 2021 тасмим гирифт , ки аз 50% зиёд дивидент пардохт мекунад. Нархи саҳмияҳои ширкат то баромадани ин хабар тақрибан ба 2500сомони баробар буд. Баъди нашри хабар дар биржа саҳмияҳои ширкат дар як ҳафта то ба 5500с боло рафт. Ҳангоми харидан ба нархи 5,5 ҳазор пардохти дивидентҳо 2750 сомониро ташкил медод сари як саҳмия. Вале ин бозори «буқаҳо» дер давон накард. Дар ҳафтаи сеюм ҳангоми ки санаи хариди саҳмияҳои дивидентдор ба поён расид, «хирсҳо» бозори аз худ карданд ва то муҳлати пардохти саҳмияҳо 9июл, то ба 1000сомон фаромадаанд. Дар айни ҳол ширкат нархи пешинашро барқарор карда истодааст дар атрофи 2000қарор дорад. Барои барқарор кардан қариб ки 1 моҳ лозим омад. Фардо чи шуданашро ҳеҷ кас пешгуи карда наметавонад.Дивидентҳои Аристократи киҳоянд?
Гумон меравад, ки ин саҳмияҳо бар хилофи саҳмияҳои ибтидоӣ боэътимод, устувор ва зери хатари ҳадди ақал қарор доранд. Оё чунин аст?Дар савдои саҳҳомӣ ба шумо чӣ хабар лозим аст?
Ҳисоботи солона ва семоҳа ширкатҳо. январ, апрел-июн ва октябр-ноябр - давраи фоидаовартарин барои биржа. Дар фасли зимистон корхонахо натичахои соли гузашта ва дар фасли бахор ва тирамохро мубодила мекунанд — фоидаи семохаи гузашта хисоб карда шавад.